РАСМИ ГУЗАШТИ ҲАРБӢ БАРГУЗОР НАМЕГАРДАД
Душанбе, 4 май. (АМИТ «Ховар», Таҳмина Ғоибназарова). — Аз дафтари матбуоти Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки қарори гузаронидани расми гузашти ҳарбӣ бахшида ба 64 — солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ бекор карда шуд. Қайд карда шуд, ки 9 — май дар Боғи Ғалаба маросими гузоштани гулчамбарҳо дар назди Оташи абадӣ бо иштироки вазири мудофиа ва роҳбарони дигари Вазорати мудофиа гузаронида мешавад. Имрӯзҳо бахшида ба солгарди навбатии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар ҳамаи қисмҳои ҳарбӣ мулоқоти аскарону афсарон бо иштирокчиён ва ветеранҳои ҷанг баргузор мегарданд.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






