СӮҲБАТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ВА СТЕПАН МЕСИЧ БО ХАБАРНИГОРОН
Душанбе, 25 май. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров, Фарангис Раҳимова). — Президентҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Хорватия Эмомалӣ Раҳмон ва Степан Месич 24 май баъди анҷоми мулоқоти расмиашон бо хабарнигорон сӯҳбат карданд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зикр кард, ки яке аз натиҷаҳои мулоқоти сарони ҳар ду кишвар ба роҳ андохтани муносибатҳои дуҷониба мебошад. Зимни мулоқотҳо ба масъалаҳои ҷустуҷӯӣ роҳҳои судбахши муқаррар намудани муносибатҳои дуҷониба диққати асосӣ дода шуд. Мо имони комил дорем, ки мамлакатҳоямон барои вусъати ҳамкорӣ дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт имкониятҳои калон пайдо карда метавонанд. Дар ҷараёни гуфтушунидҳо проблемаҳои муҳимтарини минтақавию байналхалқӣ муҳокима шуданд. Мо муборизаро ба муқобили зуҳуроти номатлуби минтақавию байналхалқӣ, аз ҷумла, терроризм, хариду фурӯши ғайриқонунии маводи нашъадор, ҷинояткории байналмилалӣ ва ғайраро вазифаи тамоми ҷомеаи ҷаҳон мешуморем. Тоҷикистон ҷонибдори бунёди тартиботи одилона ва мутавозин дар саросари ҷаҳон дар заминаи принсипҳои эътирофгардидаи байналхалқӣ ва арзишҳои умумибашарӣ мебошад. Мо аз натиҷаҳои мулоқотамон бо Президенти Ҷумҳурии Хорватия қаноатманд буда, ба он ҳамчун иқдоми ҷиддӣ дар бобати таҳкими муносибатҳои дӯстонаи ҳар ду кишвар баҳо медиҳем. Дар ҷараёни сафар ба бунёди заминаи қонунии ҳамкории дуҷониба шурӯъ карда шуд. Бо ин мақсад дар бораи ривоҷ додани муносибатҳои дӯстонаи Тоҷикистону Хорватия эъломия имзо шуд, ки коршиносон дар асоси он созишномаю қарордодҳои ҳамкориро дар соҳаҳои гуногун таҳия месозанд. Мо паймон кардем, ки гуфтушунидҳои сиёсиро минбаъд дар сатҳи гуногун давом диҳем ва боварии калон дорем, ки ташрифи Президенти Хорватия ба Тоҷикистон ба равнақу ривоҷи муносибатҳои ояндаи мо мусоидат хоҳад кард. Президенти Ҷумҳурии Хорватия Степан Месич зикр намуд, ки ин сафар ташрифи нахустини расмии ҳайати мамлакаташ ба Тоҷикистон мебошад ва гуфтушунидҳо хусусияти шиносоии бештар бо ҳамдигар доштанд. Тоҷикистон аз ҷумлаи мамлакатҳоест, ки берун аз қаламрави Аврупо воқеъ гардидааст, вале мо метавонем ҳамкории худро бо назардошти манфиатҳои ҳамдигар ба роҳ андозем. Барои ин имконияту шароити мавҷударо ошкор сохтан ва истифода бурдан лозим аст. Ман ин ҷо пеш аз ҳама ҳамкории иқтисодиро дар назар дорам. Бинобар ин раиси Палатаи хоҷагии Хорватия ва директори Агентии дастгирии содирот ва сармоягузории мамлакатро бо худ овардам. Вазифаи мо ҳамчун сиёсатмадорон дар он ифода меёбад, ки роҳи ҳамкориро ба мамлакатҳои ҳамдигар кушоем. Баъд соҳибкорону тоҷирон ин роҳро барои вусъати ҳамкорӣ истифода мебаранд. Мо дар ҷаҳони пур аз проблемаҳо ва бӯҳронҳои ошкору ниҳон зиндагӣ мекунем. Таъсири онҳо ба мамлакатҳои мо низ мерасанд. Мо бояд оқибати онҳоро якҷоя бартараф карда тавонем. Дар шароити ҳозира роҳи дигар вуҷуд надорад, инчунин, вақти мо барои ҳалли проблемаҳо ниҳоят кам аст. Дар ин маврид ҳаминаш муҳим аст, ки ҷаҳони имрӯза боз ба сӯи принсипҳои бисёрқутбӣ рӯ овардааст. Бинобар ин миқдори тарафдорони ғояҳо дар бораи ягонагии модели муносибатҳои ҷамъиятӣ ба ҳамаи мамлакатҳо дахл дорад. Илова бар ин ҳар мамлакат хусусиятҳои хоси худро дорад ва дар шароити эҳтироми ҳуқуқҳои асосии инсон ва қадрдонӣ аз арзишҳои умумии демократӣ ҳақ дорад, ки дар ин роҳ қадам гузорад. Ман бори дигар изҳор менамоям, ки Хорватия мамлакати аврупоӣ мебошад ва мо ният дорем, ки ба Иттиҳоди Аврупо дохил шавем, вале дар ин маврид мо танҳо меъёрҳои онро қабул хоҳем кард. Бояд гуфт, ки баъди барҳам хӯрдани Югославия дар ҷои он давлатҳои нав ба вуҷуд омаданд. То ҳол муносибатҳои онҳо аниқ ба роҳ монда нашудааст. Тавре ки дар боло зикр кардам, мо дар бораи қабули Хорватия ба Иттиҳоди Аврупо гуфтушунид дорем, мамлакати мо ба қарибӣ узви НАТО гардид. Ҳамгироии мо бо Аврупо чунин маъно надорад, ки мо бо мамлакатҳои берун аз қаламрави Аврупобуда ҳамкорӣ кардан намехоҳем. Зиёда аз ин, мо чунин мешуморем, ки дар ин мамлакатҳо барои маҳсулоти худ бозорҳои нав пайдо хоҳем кард. Дар баробари ин мо тайёрем, ки ба ин мамлакатҳо кӯмак расонда, роҳи онҳоро ба Аврупо кушоем. Ман аз натиҷаи гуфтушунидҳо бо Президенти Тоҷикистон қаноатмандам. Мулоқоти мо дар вазъияти самимонаю дӯстона гузашт. Умедворам, ки сафари ман ба Тоҷикистон дар муносибатҳои Тоҷикистону Хорватия саҳифаи нав боз хоҳад кард.








Пагоҳ дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон сар задани сел дар назар аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Кормандони воҳидҳои сохтории Суғд аз тамошои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ таассуроти амиқ бардоштанд
Huawei насли нави дастгоҳҳои инноватсиониро муаррифӣ менамояд
«БОЗ NEW»: имконоти бештар барои истифодабарандагони хизматрасонии алоқа
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Оид ба таъмини амнияти долонҳои энергетикӣ-нақлиётӣ ва таъсири он ба рушди минтақаи Осиёи Марказӣ конфронс доир шуд
Иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Бо ZET-MOBILE миллионер шавед!
Дар Хуҷанд барои пешгирии бемориҳои сироятӣ вохӯрӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад






