ТӮҲФАИ ҲУКУМАТИ ШВЕЙТСАРИЯ БА ШИФОХОНАҲОИ ТОҶИКИСТОН
Душанбе, 4 май. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова). — Кӯмаки навбатии Ҳукумати Швейтсария иборат аз 7 контейнер маводи сермасрифи тиббӣ, асбобу анҷоми ҷарроҳӣ, ҷиҳози хоб, катҳо, замбарҳо барои бурдани беморон, кампал ва либосҳои махсус барои ҳамшираҳои шафқат ба Тоҷикистон оварда шуд. Аз намояндагии Раёсати рушд ва ҳамкории Швейтсария дар Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки кӯмаки хайрияи мазкур интихобан дар байни панҷ шифохонаи шаҳри Душанбе, ноҳияҳои тобеи марказ, ВМКБ ва вилоятҳои Суғду Хатлон тақсим карда мешавад. Инчунин, аз Швейтсария ба Тоҷикистон барои панҷ шифохонаи сайёри соли 2008 дар доираи барномаи рафъи оқибатҳои табиӣ бунёдгардида генераторҳои барқӣ фиристода шуд.








Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд






