ҲУНАРПЕШАГОНИ ТОҶИК ҲАМРОҲИ ҲАМКАСБОНАШОН МАҲОРАТИ ХЕШРО ТАКМИЛ

Июнь 27, 2009 11:45

                   Маскав, 27 июн. (АМИТ «Ховар», Ҳалима Хушқадамова).- Дар шаҳри Маскав дар доираи ҷашнвораи ҳаштуми байналхалқии ба номи Чехов машғулияти курсҳои такмили маҳорати коргардонони ҷавони театрҳои мамлакатҳои ИДМ давом дорад. Курсҳои мазкур бо ташаббуси Конфедератсияи байналмилалии иттифоқи театрҳои ИДМ бо кӯмаки Бунёди байнидавлатии ҳамкории гуманитарии давлатҳои ИДМ ташкил карда шудаанд. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки айни ҳол дар ин курсҳо 23 коргардон аз ҷумҳуриҳои Озарбойҷон, Арманистон, Белорусия, Молдавия, Тоҷикистон, Ўзбекистон ва Украина маҳорати худро такмил медиҳанд. Ба коргардонони ҷавон устодони санъати театрҳои машҳури Русия, театрҳои шаҳри Маскав ва мамлакатҳои хориҷӣ дарс медиҳанд.                 Аз Тоҷикистон дар ин курсҳо ду нафар ҳунарпешаи ҷавони театри драмавии русии ба номи В. Маяковский Мунира Додоева ва Хуршед Мустафоев ҳунари хешро сайқал медиҳанд.                                                                                                           Тарҷумон Қудратов А.

Июнь 27, 2009 11:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд