ҲУНАРПЕШАГОНИ ТОҶИК ҲАМРОҲИ ҲАМКАСБОНАШОН МАҲОРАТИ ХЕШРО ТАКМИЛ
Маскав, 27 июн. (АМИТ «Ховар», Ҳалима Хушқадамова).- Дар шаҳри Маскав дар доираи ҷашнвораи ҳаштуми байналхалқии ба номи Чехов машғулияти курсҳои такмили маҳорати коргардонони ҷавони театрҳои мамлакатҳои ИДМ давом дорад. Курсҳои мазкур бо ташаббуси Конфедератсияи байналмилалии иттифоқи театрҳои ИДМ бо кӯмаки Бунёди байнидавлатии ҳамкории гуманитарии давлатҳои ИДМ ташкил карда шудаанд. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки айни ҳол дар ин курсҳо 23 коргардон аз ҷумҳуриҳои Озарбойҷон, Арманистон, Белорусия, Молдавия, Тоҷикистон, Ўзбекистон ва Украина маҳорати худро такмил медиҳанд. Ба коргардонони ҷавон устодони санъати театрҳои машҳури Русия, театрҳои шаҳри Маскав ва мамлакатҳои хориҷӣ дарс медиҳанд. Аз Тоҷикистон дар ин курсҳо ду нафар ҳунарпешаи ҷавони театри драмавии русии ба номи В. Маяковский Мунира Додоева ва Хуршед Мустафоев ҳунари хешро сайқал медиҳанд. Тарҷумон Қудратов А.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар






