БУНЬЁДИ ИНШООТҲОИ НАВ
Душанбе, 24 июн. (АМИТ «Ховар», Мавзуна Бойева)- Аз Агентии сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки лоиҳаи варзишгоҳ барои 5000 ҷойи нишаст дар ноҳияи Ванҷ ва лоиҳаи навсозии варзишгоҳ дар ноҳияи Роштқалъа тартиб дода ба маъмурияти сохтмони иншоотҳои ҳукуматӣ супорида шуд. Инчунин лоиҳаи навсозии бинои сохтмонаш нотамоми собиқ Кумитаи ҳизби коммунистии ноҳияи Ишкошим, ва лоиҳаи сохтмони қароргоҳи Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон дар ҳудуди Боғи ботаникии шаҳри Хоруғ, тартиб дода ба фармоишгар — Бонки миллии ҶТ супорида шуд. Айни ҳол дар ин ҷо корҳои сохтмонӣ идома доранд, ва сохтмони ошёнаи якуми бинои мазкур дар арафаи анҷомёбист. Барои тартиб додани лоиҳаи мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ барои 650 нафар дар ноҳияи Рӯшон корҳои аксбардории маҳал ва геологияи замини иншоот таҳия шуда барои мувофиқа ба фармоишгари иншоот — маъмурияти сохтмони иншооти ҳукуматӣ пешниҳод карда шуд.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






