ДАСТАҲОИ ҲУНАРИИ НОҲИЯИ ШАҲРИНАВ ДАР ПОЙТАХТ

Июнь 2, 2009 15:23

                          Душанбе, 2 июн. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Бо ташаббуси Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ дар Боғи набототи пойтахт давоми сол консертҳои тамоми дастаи ҳунарии шаҳру навоҳии тобеи ҷумҳурӣ ва пойтахт намоиш дода мешаванд.                            Бо ин мақсад, 7 июн барномаи консертии дастаҳои ҳунарии ноҳияи Шаҳринав доир мегардад.                           Дар он намунаи маҳсули дастони устоҳои халқӣ, аз ҷумла кандакорӣ, сўзанӣ, дуредгарӣ, заргарӣ, оҳангарӣ, қӯроқдўзӣ, нонпазӣ, таомпазӣ, гулдўзиву рассомӣ пешкаши тамошобинон гардонда мешавад.                           Ғайр аз ин, дастаҳои ҳунарии ноҳия барномаи махсуси театркунонидашударо намоиш медиҳанд.                          Дар доираи консерт маҳсулоти кишоварзони ноҳия бо нархи арзон пешкаши сокинони пойтахт гардонида хоҳад шуд.                         Дар он намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, раисони ҷамоатҳо ва аҳли илму адаби ноҳия ширкат меварзанд.                        Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанг хабар доданд.

Июнь 2, 2009 15:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид
ОҒОЗИ МАВСИМИ НИҲОЛШИНОНӢ. Дар вилояти Хатлон 600 ҳазор бех дарахти ороишию сояафкан шинонида мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Бахшида ба 31-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Москва ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025» натиҷагирӣ карда шуд