ДОНИШҶЎЁНИ ТОҶИК ДАР МАКТАБҲОИ ОЛИИ ТОТОРИСТОН ТАҲСИЛ МЕКУНАНД

Июнь 27, 2009 11:51

                   Душанбе, 27 июн. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина).- Бо ташаббуси сафоратхонаи Федаратсияи Русия дар Тоҷикистон ва дастгрии Анҷумани ҷаҳонии тоторҳо имсол дар мактабҳои олии ҷумҳурии Тотористон барои хатмкунандагони мактабҳои таҳсилоти ҳамагонии Тоҷикистон 35 ҷой ҷудо карда шуд. Ба мактабҳои олии Тотористон намояндагони миллатҳои гуногуни сокини Тоҷикистон, ғолибони олимпиадаҳои миллию байналхалқӣ ва талабагони боистеъдод фиристода мешаванд. Онҳо дар Донишгоҳи давлатии Қазон, академияи Кама дар шаҳри Набережные Челни, мактабҳои олии соҳавии сохтмон, техникӣ, технологӣ ва ғайра қабул карда мешаванд.                   Раиси ҷамъияти тоторҳои сокини Тоҷикистон Римма Хамзина ба мухбири АМИТ «Ховар» гуфт, ки донишҷӯёни тоҷик солҳои гузашта низ барои таҳсил ба мактабҳои олии Тотористон фиристода мешуданд. Имсол вобаста ба бӯҳрони ҷаҳонии иқтисодию молиявӣ шумораи қабули донишҷӯёни тоҷик ба мактабҳои олии Тотористон нисбат ба солҳои гузашта кам карда шуд.

Июнь 27, 2009 11:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд