ДОНИШҶЎЁНИ ТОҶИК ДАР МАКТАБҲОИ ОЛИИ ТОТОРИСТОН ТАҲСИЛ МЕКУНАНД
Душанбе, 27 июн. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина).- Бо ташаббуси сафоратхонаи Федаратсияи Русия дар Тоҷикистон ва дастгрии Анҷумани ҷаҳонии тоторҳо имсол дар мактабҳои олии ҷумҳурии Тотористон барои хатмкунандагони мактабҳои таҳсилоти ҳамагонии Тоҷикистон 35 ҷой ҷудо карда шуд. Ба мактабҳои олии Тотористон намояндагони миллатҳои гуногуни сокини Тоҷикистон, ғолибони олимпиадаҳои миллию байналхалқӣ ва талабагони боистеъдод фиристода мешаванд. Онҳо дар Донишгоҳи давлатии Қазон, академияи Кама дар шаҳри Набережные Челни, мактабҳои олии соҳавии сохтмон, техникӣ, технологӣ ва ғайра қабул карда мешаванд. Раиси ҷамъияти тоторҳои сокини Тоҷикистон Римма Хамзина ба мухбири АМИТ «Ховар» гуфт, ки донишҷӯёни тоҷик солҳои гузашта низ барои таҳсил ба мактабҳои олии Тотористон фиристода мешуданд. Имсол вобаста ба бӯҳрони ҷаҳонии иқтисодию молиявӣ шумораи қабули донишҷӯёни тоҷик ба мактабҳои олии Тотористон нисбат ба солҳои гузашта кам карда шуд.








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






