ИМЗОИ МЕМОРАНДУМИ ҲУСНИ ТАФОҲУМ
Маскав, 25 июн. (АМИТ «Ховар», Ҳалима Хушқадамова).- 24 июн дар Маскав меморандуми ҳусни тафоҳуми Бунёди байнидавлатии ҳамкории гуманитарии давлатҳои ИДМ ва Котиботи кумитаи ҳамгироии Ҷомеаи иқтисодии Евразия имзо карда шуд. Онро Муншии умумии Ҷомеаи иқтисодии Евразия Тоҳир Мансуров ва яке аз раисони Бунёди байнидавлатии ҳамкории гуманитарии мамлакатҳои ИДМ Михаил Швидкой имзо намуданд. Котиби матбуоти Бунёди мазкур Александр Калугин зимни сӯҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар» зикр кард, ки меморандуми ҳусни тафоҳум барои ҳамкорӣ ва ҳамгироии Ҷомеаи иқтисодии Евразия ва Бунёди байнидавлатии ҳамкории гуманитарӣ заминаи қонунӣ муҳайё месозад. Ин бо назардошти қарори қабулнамудаи сарони давлатҳои ИДМ дар бораи Соли илм ва технологияҳои нав эълон намудани соли 2010 аҳамияти бузург пайдо хоҳад кард. Бояд гуфт, ки Бунёди байнидавлатии ҳамкории гуманитарӣ қабл аз ин дар ин масъала бо ЮНЕСКО созишномаи ҳамкорӣ имзо карда буд. Дар заминаи созишнома дар соҳаҳои фаъолияти осорхонаҳо, маълумоти касбии техникӣ ва маърифати бадеӣ дар қаламрави Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил силсилаи барномаҳои муштарак амалӣ карда мешаванд. Илова бар ин тавсеаи равобити Бунёд бо созмонҳои мӯътабари байналхалқӣ ба вусъати ҷараёни ҳамгироӣ дар ИДМ мусоидат хоҳад кард. Мухбири АМИТ «Ховар» ёдовар мешавад, ки Бунёди байнидавлатии ҳамкории гуманитарӣ моҳи майи соли 2006 бо қарори Шӯрои сарони ҳукуматҳои 7 давлати аъзои ИДМ- Арманистон, Белорусия, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Ўзбекистон таъсис ёфта буд. Соли 2008 ба созишномаи таъсиси бунёди мазкур Озарбойҷон ҳамроҳ гардид. Тарҷумон Қудратов А.








Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ






