ИМЗОИ МЕМОРАНДУМИ ҲУСНИ ТАФОҲУМ

Июнь 25, 2009 09:24

                     Маскав, 25 июн. (АМИТ «Ховар», Ҳалима Хушқадамова).- 24 июн дар Маскав меморандуми ҳусни тафоҳуми Бунёди байнидавлатии ҳамкории гуманитарии давлатҳои ИДМ ва Котиботи кумитаи ҳамгироии Ҷомеаи иқтисодии Евразия имзо карда шуд. Онро Муншии умумии Ҷомеаи иқтисодии Евразия Тоҳир Мансуров ва яке аз раисони Бунёди байнидавлатии ҳамкории гуманитарии мамлакатҳои ИДМ Михаил Швидкой имзо намуданд. Котиби матбуоти Бунёди мазкур Александр Калугин зимни сӯҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар» зикр кард, ки меморандуми ҳусни тафоҳум барои ҳамкорӣ ва ҳамгироии Ҷомеаи иқтисодии Евразия ва Бунёди байнидавлатии ҳамкории гуманитарӣ заминаи қонунӣ муҳайё месозад. Ин бо назардошти қарори қабулнамудаи сарони давлатҳои ИДМ дар бораи Соли илм ва технологияҳои нав эълон намудани соли 2010 аҳамияти бузург пайдо хоҳад кард. Бояд гуфт, ки Бунёди байнидавлатии ҳамкории гуманитарӣ қабл аз ин дар ин масъала бо ЮНЕСКО созишномаи ҳамкорӣ имзо карда буд. Дар заминаи созишнома дар соҳаҳои фаъолияти осорхонаҳо, маълумоти касбии техникӣ ва маърифати бадеӣ дар қаламрави Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил силсилаи барномаҳои муштарак амалӣ карда мешаванд. Илова бар ин тавсеаи равобити Бунёд бо созмонҳои мӯътабари байналхалқӣ ба вусъати ҷараёни ҳамгироӣ дар ИДМ мусоидат хоҳад кард.                   Мухбири АМИТ «Ховар» ёдовар мешавад, ки Бунёди байнидавлатии ҳамкории гуманитарӣ моҳи майи соли 2006 бо қарори Шӯрои сарони ҳукуматҳои 7 давлати аъзои ИДМ- Арманистон, Белорусия, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Ўзбекистон таъсис ёфта буд. Соли 2008 ба созишномаи таъсиси бунёди мазкур Озарбойҷон ҳамроҳ гардид.                                                                                                              Тарҷумон Қудратов А.  

Июнь 25, 2009 09:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид