ИШТИРОКЧИЁНИ МАРАФОНИ ИДОНА БА ДУШАНБЕ ОМАДАНД

Июнь 23, 2009 14:48

                  Душанбе, 23 июн. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих).- Имрӯз дар Душанбе бо иштироки раиси Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маликшо Неъматов нишасти матбуотӣ баргузор гардид. Нишасти матбуотӣ ба муносибати Рӯзи байналхалқии олимпӣ бахшида шуд. Марафони идона 13 июн аз ноҳияи Мурғоб сар шуда буд ва то 27 июн давом мекунад. Иштирокчиёни марафони идона имрӯз ба Душанбе омаданд. Онҳо то шаҳри Душанбе масофаи 700 километрро тай карданд. Иштирокчиёни марафон 27 июн ба Хуҷанд рафта, парчами миллии Тоҷикистонро ба президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон месупоранд.                   Марафончиён баъди ид дар Қайроққум 3 рӯз истироҳат мекунанд. Ба онҳо тӯҳфаҳои хотиравӣ супорида мешавад.                   Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки варзишгарон аз Мурғоб то Хуҷанд масофаи 1412 километрро тай хоҳанд кард. Онҳо зимни марафон дар шаҳру ноҳияҳои гуногун бо аҳолии маҳаллӣ мулоқоту сӯҳбатҳо мегузаронанд.                                                                                          Тарҷумон Зебо Иноятова  

Июнь 23, 2009 14:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Ҷамъи 11: МегаФон Тоҷикистон шабакаи идораҳои хизматрасонӣ ба муштариёнро васеъ менамояд
5-6 март дар Тоҷикистон борони бошиддат пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба роҳҳои пешгирии коррупсия, терроризм ва экстремизм ҳамоиш доир шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар ҳамоиш доир гардид
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Дар Душанбе масоили афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ баррасӣ шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Айнӣ қариб 3000 бех ниҳол шинонида шуд