ИСЛОҲОТИ ЗАМИН ДАР ВОСЕЪ
Восеъ, 25 июн. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов). — Дар ноҳияи Восеъ тибқи фармони Президенти ҶТ дар бораи тадбирҳои иловагӣ оид ба навташкилдиҳӣ ва ислоҳоти ташкилотҳои кишоварзӣ дар ҳудуди 6 ҷамоат комиссияи навташкилдиҳӣ дар якҷоягӣ бо кумитаи заминсозии ноҳия таҳсис дода шуд, гуфт сардори идораи кишоварзӣ Сайҳомид Саидов ва афзуд, ки 7 хоҷагиҳои калони давраи собиқ шӯравӣ, ки дар майдони 24 ҳазор га замини кишт ба ӯҳда доштанд ба 1 400 хоҷагиҳои деҳқонӣ табдил дода шуданд. Ба гуфтаи ин манбаъ хоҷагиҳои деҳқонии навтаъсис дар майдони 13 ҳазор га кишти ғалла, 8 ҳазор га пахта, 520 га сабзавот, 60 га кишти картошка, 200 га полезӣ, 1 775 га зироатҳои хӯроки чорво кишт гузарониданд. Мавриди зикр аст, ки гарчанде дар ноҳия 1 400 хоҷагиҳои деҳқонӣ таъсис гардида бошад ҳам, аммо баъзе камбудиҳо дар ин самт ҷой дошта аксари деҳқонон бе саҳми замин ва амвол монданд. Айни ҳол дар ноҳия азнавташкилдиҳӣ ва интихоби шакли ташкилию ҳуқуқии ташкилотҳои кишоварзӣ бо қарори муассис ё мақомоти он сурат мегирад, афзуд С. Саидов.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






