ИСТИФОДАИ РОҲҲО ПУЛАКӢ МЕШАВАНД?

Июнь 24, 2009 10:02

                 Душанбе, 24 июн.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Дар асоси ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи роҳҳои автомобилгард ва фаъолияти роҳдорӣ» дар кишвар системаи пулакии истифодаи роҳҳои автомобилгард ба роҳ монда мешавад. Ин лоиҳаи қонун дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи 5-уми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ ва қабул шуд. Зимни шарҳи масъалаи мазкур муовини аввали вазири нақлиёт ва коммуникатсияи ҷумҳурӣ Ҷумъахон Зуҳуров гуфт, ки Ҷумҳурии Мардумии Чин барои таҷдиди роҳи автомобилгарди Душанбе- Хуҷанд- Бӯстон — Чанак, ки таҷдиди он вақтҳои наздик ба анҷом мерасад, 281 миллиону 200 ҳазор доллари амрикоӣ сармоягузорӣ кардааст ва ин маблағ бояд баргардонида шавад. Яке аз самтҳои асосии ба роҳ мондани истифодаи пулакии роҳҳо дар ҳолати хуб нигоҳ доштани вазъи роҳҳои кишвар аст, афзуд Ҷ.Зуҳуров.                  Аммо вакили Маҷлиси намояндагон Юсуфҷон Аҳмадов гуфт, ки ворид намудани тағйирот ба қонуни зикршуда ба Конуни асосии кишвар мухолиф аст. Бахусус, ба моддаи 24- и Конститутсия, ки тибқи он шаҳрвандони ҷумҳурӣ ҳуқуқ доранд озодона тариқи роҳҳо рафтуо намоянд. Дар мавриде роҳҳо пулакӣ карда мешаванд, ки дар паҳлӯяш роҳи бепули алтернативӣ вуҷуд дошта бошад, афзуд Ю. Аҳмадов. Ҳамчунин, мавсуф зикр кард, ки дар бархе аз кишварҳои мутамаддини дунё, бахусус, Аврупо -Британияи Кабир, Олмон Дания, Шветсия, ки иқтисодиёташон дар сатҳи хеле баланд аст, роҳҳо бепул истифода мешаванд, зеро дар паҳлӯи роҳҳояшон роҳҳои алтерантивӣ вуҷуд доранд. Ю. Аҳмедов зикр кард, ки алҳол дар дунё 23 миллион километр роҳҳо вуҷуд доранд, ки аз он ҳамагӣ 200 ҳазор километр роҳҳо пулакӣ ҳаст.                 Муовини вазири нақлиёт ва коммуникатсияи ҷумҳурӣ Ҷ. Зуҳуров гуфт, ки шароиту мавқеъи ҷуғрофии Тоҷикистон, ки 93 фоизашро кӯҳҳол ташкил медиҳанд, сохтмони роҳҳои алтернативии ройгонро дар паҳлӯи роҳҳои пулакӣ имкон намедиҳад.                 Ҳамчунин, атрофи ин масъала роҳбари фраксияи Ҳизби коммунисти Тоҷикистон дар парлумони кишвар Шодӣ Шабдолов ибрози назар намуда, гуфт, ки ман мухолифи қабули ин лоиҳаи қонун ҳастам. Ш.Шабдолов гуфт, ки дар ҳоле, ки дар кишвар бӯҳрони молиявӣ ба иқтисодиёт таъсир мерасонад, қабули ин лоиҳаи қонун ба иқтисодиёти кишвар зарбаи калон мезанад, бахусус ба аҳолии мамлакат. Яъне дар ин маврид пардохти маблағи ҳаҷми мусофиркашонӣ ва боркашонӣ баланд гардида, боиси қимат гардидани нархи маҳсулот ва мусофиркашонӣ дар ҷумҳурӣ мегардад. Бо вуҷуди баҳсҳои доманадор лоиҳаи қонуни мазкур бо ҷонибдории 52 вакил, 5 мухолиф ва 1 бетараф қабул гардид.                    Лоиҳаи қонуни мазкур баъди баррасӣ ва ҷонибдорӣ дар Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии кишвар ва имзои Президент мавриди амал қарор хоҳад гирифт.

Июнь 24, 2009 10:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд