КӢ НОҲИЯҲОРО БАДНОМ КАРД?
Душанбе, 23 июн. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар давоми даҳ рӯзи охири моҳи июн 4 махфигоҳи аслиҳа аз ҷониби кормандони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ошкор карда шуд. Ба гуфти сардори дафтари матбуоти Вазорати умури дохила Маҳмадулло Асадуллоев, яке аз махфигоҳҳо ба ноҳияи Синои пойтахт ва дуи дигар ба ноҳияҳои Варзобу Рӯдакӣ мансуб аст. Маълум гардид, ки ҷинояткорон ҳанӯз аз мақсадҳои нопоки худ даст кашиданӣ нестанд ва бо истифода аз яроқу аслиҳаи оташфишон ба қатлу ғорат ва ташкил додани гурӯҳҳои ҷиноятпеша машғуланд. Муайян карда шудааст, ки ин яроқу туфангчаҳои сохти хориҷӣ дар чанд ҷинояти марбут ба куштори шаҳрвандон мавриди истифода қарор ёфтаанд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






