КӢ СОҲИБИ МЕДАЛИ ТИЛЛО ХОҲАД ГАШТ?

Июнь 30, 2009 16:47

              Душанбе, 30 июн. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина).- Рӯзҳои 4-5 июли соли равон дар Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили маҳорати кормандони соҳаи маориф озмуни хатмкунандагони мактабҳои таҳсилоти умумӣ баргузор мегардад, ки соли таҳсили 2008-2009 барои гирифтани медали тилло мубориза мебаранд. Дар озмун хатмкунандагоне иштирок хоҳанд кард, ки ҳуҷҷатҳояшон ба вазорати маориф фиристода, онҳоро комиссияи махсус баррасӣ намудааст. Сардори раёсати муассисаҳои томактабӣ ва маълумоти миёнаи Вазорат Бибиҳаво Шарофова ба АМИТ «Ховар» хабар дод, ки ба ҳайати комиссияи махсус олимони соҳа, омӯзгорони варзидаи мактабҳои олӣ ва кормандони вазорат шомиланд.               Вай зикр намуд, ки ба унвони комиссия то имрӯз аз шаҳру ноҳияҳои мамлакат бештар аз 100 ҳуҷҷат ворид гадидааст. Қабули ҳуҷҷатҳо то 1 июл давом мекунад, гуфт Б. Шарофова.

Июнь 30, 2009 16:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад