КАМБУДИҲО БАРТАРАФ МЕШАВАНД

Июнь 30, 2009 16:21

                     Душанбе, 30 июн. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Имрўз, дар маҷлисгоҳи Вазорати фарҳанг бо ташаббуси муассисаи давлатии рўзномаи «Баҳори аҷам» мизи мудаввар дар мавзўи «Драматургияи имрўзаи тоҷик-мулоҳиза ва пешниҳодҳо» баргузор гардид.                     Дар маҳфил муаллифони намоишномаҳо, таҳлилгарон, директорони театрҳо, аз ҷумла театрҳои ноҳияи Данғара, шаҳрҳои Кўлобу Қӯрғонтеппа, театршиносон ва шўрои бадеии Вазорати фарҳанг, инчунин меҳмонон ва намояндагони воситаҳои ахбори оммаи кишвар иштирок намуданд.                    Олимони соҳаи санъат ва ҳунармандон Нур Табаров, Низом Нурҷонов, Тӯрахон Аҳмадхонов, Давлат Убайдуллоев ва Мирзоватан Миров оид ба беҳтар намудани сифати намоишномаҳо, таҳияи асарҳои нав ва ташкил намудани курсҳои махсус ва озмунҳо барои драманависони ҷавон пешниҳодҳо ба миён гузоштанд.                    Бояд гуфт, ки ҳадафи асосии мизи мудаввар бо пешниҳодоти масъулини соҳа бартараф намудани камбудиҳои мавсими гузашта ва ба бўҳрони иқтисодӣ мувоҷеҳ нашудани театри тоҷик буд.                    Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанг хабар доданд.   

Июнь 30, 2009 16:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Ширкати «Париматч Тоҷикистон» ва ССКА Душанбе созишномаи ҳамкориро тамдид намуданд
Ajoyib.TV: шабакаҳои телевизионӣ ва онлайн-кинотеатрҳо дар як хизматрасонӣ
ЛИБОСИ МИЛЛӢ — ОИНАИ ФАРҲАНГ ВА ҲУВИЯТИ МИЛЛАТ. Дар Душанбе либосҳои тоҷикиро тарғиб менамоянд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Бахшида ба Рӯзи Модар дар ноҳияи Рӯдакӣ ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борон меборад
БАҲОРИ ГУЛРЕЗИ ТОҶИКИСТОН. Барои кишоварзон мавсими кишту кор фаро расид
НУҚТАИ НАЗАР. Ва ё нонреза ҳам нон аст
Дар шаҳри Кӯлоб 28 мавзеи осебпазир муайян гардидааст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи Кӯлоб корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба истифодаи сарфакоронаи неруи барқ идома доранд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Дар Ҷамоати деҳоти Қаратоғ озмуни «Кадбонуи беҳтарин» баргузор шуд