МАҶЛИСИ ШЎРОИ РОҲБАРОНИ ҶУЗЪУ ТОМҲОИ МАРЗБОН

Июнь 8, 2009 09:57

                 Душанбе, 8 июн. (АМИТ «Ховар», Наталя Михайлова).-Дар шаҳри Южно-Сахалинск маҷлиси 61-уми Шӯрои фармондеҳони ҷузъу томҳои марзбони давлатҳои ИДМ баргузор гардид. Маҷлис таҳти раёсати фармондеҳи Хадамоти марзбони Русия Владимир Проничев гузашт. Дар маҷлис қариб 100 нафар, аз ҷумла ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии фармондеҳи артиши марзбони мамлакат Шералӣ Мирзо иштирок намуд.                  Инчунин дар маҷлис намояндагони Туркманистон, Ўзбекистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Арманистон, Қазоқистон, Белорусия, Молдавия ва Украина ширкат варзиданд.Иштирокчиёни маҷлис 25 масъаларо баррасӣ намуда, аз рӯи онҳо 28 қарор қабул карданд.                  Раиси шӯъбаи ҳамоҳангсози шӯрои мазкур Александр Манилов баъди анҷоми маҷлис зимни сӯҳбат бо хабарнигорон зикр кард, ки дар сарҳадҳои дохилии мамлакатҳои ИДМ минтақаҳои назоратию пайшиносӣ бунёд карда нахоҳад шуд. Танҳо муҳофизати сарҳади Гурҷистон, Иристон ва Обхозистон пурзӯр карда мешавад. Дар ин ҷо ҷузъу томҳои марзбони Русия ба кор шурӯъ намуданд.

Июнь 8, 2009 09:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд