МЕМОРАНДУМИ МУШТАРАКИ КУМИТАҲОИ МИЛЛИИ ОЛИМПИИ МАМЛАКАТҲОИ ИДМ ВА БАЛТИКА

Июнь 4, 2009 16:13

              Душанбе, 4 июн. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров).- Дар шаҳри Рига мулоқоти роҳбарон ва намояндагони Кумитаҳои миллии Олимпии мамлакатҳои ИДМ ва соҳили баҳри Балтика анҷом ёфт. Дар он ноиби раиси Кумитаи миллии Олимпии Тоҷикистон Ширинҷон Маҳмадсафоев иштирок намуд.              Иштирокчиёни мулоқот роҷеъ ба масъалаҳои ба роҳ андохтани фаъолияти муштарак ва ҳамоҳанг сохтани тадбирҳои кумитаҳои миллии олимпӣ дар давраи тайёрӣ ба Бозиҳои олимпӣ, нақшаҳои ҳамкорӣ дар сатҳи созмонҳои байналмилалии варзишӣ ва дар масъалаҳои якҷоя гузаронидани машқҳои варзишӣ, истифодаи марказҳо ва иншоотҳои варзишӣ табодули назар намуданд.               Дар фарҷоми мулоқот меморандуми ҳамкорӣ ба имзо расид.  

Июнь 4, 2009 16:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид
ОҒОЗИ МАВСИМИ НИҲОЛШИНОНӢ. Дар вилояти Хатлон 600 ҳазор бех дарахти ороишию сояафкан шинонида мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Бахшида ба 31-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Москва ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025» натиҷагирӣ карда шуд
Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба солгарди таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ баргузор гардид
Дар Хадамоти алоқа ба муносибати Рӯзи ҳуқуқи инсон ҳамоиш доир шуд