МУВАФФАҚИЯТҲОИ «МАРКАЗИ ТАЪЛИМИ КАЛОНСОЛОНИ ТОҶИКИСТОН»
Душанбе, 30 июн. (АМИТ «Ховар», ЛаззатДиловарзод).- Аз таъсиси «Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон» як солу се моҳ сипарӣ гардид. Маркази номбурда оиди омодагии фаъолияти худ нисбати инкишофи савияи касбии захираҳои меҳнатӣ, ба хусус касбомӯзии аҳолии бешуғл, ба қайд гирифтани муҳоҷирони меҳнатӣ, таҳияи стандартҳои касбӣ, ки ҳадафҳои асосии Марказ мебошанд, як зумра корҳоро ба итмом расонид. Дар асоси роҳхатҳои пешниҳоднамудаи раёсатҳои Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират аз ҳисоби аҳолии бекор 122 нафар доир ба ихтисосҳои «Оператори МЭҲ», «Муҳосиб», «Қаннод», «Барқчӣ» ва «Кафшергари барқӣ» ба касбомӯзӣ фаро гирифта шуданд. Айни замон, қабулу омӯзиши шаҳрвандон доир ба ихтисосҳои «Сантехник», «Кафшергари газӣ», «Дӯзандаи либосҳои миллӣ», «Мураббӣ», «Корманди соҳаи иҷтимоӣ», ки талаботи бозор ба онҳо зиёд аст, давом дода мешавад.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






