НОРОҲАТИИ ИСТИРОҲАТКУНАНДАГОН
Душанбе, 24 июн. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Аз мавсими истироҳати тобистона дар курорту санаторияҳо 24 рӯз сипарӣ гардид. Бино ба иттилои Раёсати курортҳои ҷумҳурӣ, қиммати роҳхатҳо дар ҳамаи истироҳатгоҳҳои ҷумҳурӣ ғайр аз курорти Хоҷа — Обигарм ба андозаи 100 сомонӣ боло рафтааст. Акнун қиммати як роҳхат барои 12 рӯзи дамгирӣ дар курорти Шоҳамбарӣ 720 сомонӣ арзиш дорад. Аз овардани рақами арзиши роҳхатҳо дар дигар курортҳои ватанӣ барои хира нашудани табъи истироҳаткунандагон дар дастрасии роҳхатҳо худдорӣ мекунем. Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, талаботи кормандони корхонаю идораҳо барои ба курортҳо рафтан зиёд аст. Ногуфа намонад, ки як қисми истироҳаткунандагон шахсони имтиёзноканд ва аз се як қисми маблағро пардохт мекунанд.








Дар шаҳри Кӯлоб 28 мавзеи осебпазир муайян гардидааст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи Кӯлоб корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба истифодаи сарфакоронаи неруи барқ идома доранд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Дар Ҷамоати деҳоти Қаратоғ озмуни «Кадбонуи беҳтарин» баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 феврал, ҷумъа, 58-умин рӯзи соли 2026 аст
Дар Рашт оид ба таҳлили вазъ ва омилҳои таҳдиди коррупсия, экстремизм ва терроризм ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
SIM ё eSIM: чаро муштариён кортҳои электрониро интихоб мекунанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» баргузор мешавад






