ПРЕЗИДЕНТ МАКТАБИ ӮЗБЕКИРО ДАР ҒОНЧӢ ИФТИТОҲ НАМУД
Дар деҳаи Иторчии ноҳияи Ғончӣ бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон як мактаби таҳсилоти ҳамагонии ӯзбекӣ барои 1300 нафар дар ду баст мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз сифати сохтмон изҳори қаноатмандӣ карда, ба сохтмончиён арзи сипос намуд ва ба масъулини дахлдор дастур дод, ки дар майдончаи пушти мактаб як варзишгохи зебою хушсифат барои мактаббачагон бунёд намоянд.Чунонки маълум шуд, сохтмони ин мактаб ҳанӯз соли 1986 оғоз ёфта, соли 1991 бо сабаби норасоии маблағ боз дошта шуда буд. Моҳи августи соли 2006 баъди ташриф ва вазифагузории Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон барқарорсозӣ ва таъмири пурраи мактаби номбурда аз моҳи майи соли 2008 бо маблағи 1 млн. 360 000 сомонӣ аз ҳисоби фонди католикӣ оғоз ёфта, имрӯз ба қабули хонандагон омода шуд. Бояд таъкид намуд, ки аз ҷониби мақомоти иҷроияи Ҳокимияти давлатии ноҳия ва аҳли ҷамоа низ барои таъмиру барқарорсозии ин мактаб 500 000 сомонӣ маблағгузорӣ шудааст. Мактаб дорои 29 синфхона, аз ҷумла синфхонаи компютерӣ, 14 ҳуҷраи корӣ, толорҳои варзишӣ, маҷлисӣӣ ошхона ва дигар утоқу коргоҳҳои зарурӣ аст. Дар ин мактаб аз соли нави хониш 38 нафар омӯзгорон зиёда аз 760 нафар хонандагонро бо таълиму тарбия фаро хоҳанд гирифт. Зимни суханронӣ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дӯстии халқҳои тоҷику ӯзбекро ногусастани арзёбӣ намуда, таъкид дошт, ки то баҳри боз ҳам мустаҳкам намудани муносибатҳои дӯстона, пайваста кӯшиш ба харҷ диҳем. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






