ПРЕЗИДЕНТ МАКТАБИ ӮЗБЕКИРО ДАР ҒОНЧӢ ИФТИТОҲ НАМУД

Июнь 24, 2009 12:00

                 Дар деҳаи Иторчии ноҳияи Ғончӣ бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон як мактаби таҳсилоти ҳамагонии ӯзбекӣ барои 1300 нафар дар ду баст мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.                 Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз сифати сохтмон изҳори қаноатмандӣ карда, ба сохтмончиён арзи сипос намуд ва ба масъулини дахлдор дастур дод, ки дар майдончаи пушти мактаб як варзишгохи зебою хушсифат барои мактаббачагон бунёд намоянд.Чунонки маълум шуд, сохтмони ин мактаб ҳанӯз соли 1986 оғоз ёфта, соли 1991 бо сабаби норасоии маблағ боз дошта шуда буд.                 Моҳи августи соли 2006 баъди ташриф ва вазифагузории Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон барқарорсозӣ ва таъмири пурраи мактаби номбурда аз моҳи майи соли 2008 бо маблағи 1 млн. 360 000 сомонӣ аз ҳисоби фонди католикӣ оғоз ёфта, имрӯз ба қабули хонандагон омода шуд.                  Бояд таъкид намуд, ки аз ҷониби мақомоти иҷроияи Ҳокимияти давлатии ноҳия ва аҳли ҷамоа низ барои таъмиру барқарорсозии ин мактаб 500 000 сомонӣ маблағгузорӣ шудааст.                  Мактаб дорои 29 синфхона, аз ҷумла синфхонаи компютерӣ, 14 ҳуҷраи корӣ, толорҳои варзишӣ, маҷлисӣӣ ошхона ва дигар утоқу коргоҳҳои зарурӣ аст.                  Дар ин мактаб аз соли нави хониш 38 нафар омӯзгорон зиёда аз 760 нафар хонандагонро бо таълиму тарбия фаро хоҳанд гирифт.                  Зимни суханронӣ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дӯстии халқҳои тоҷику ӯзбекро ногусастани арзёбӣ намуда, таъкид дошт, ки то баҳри боз ҳам мустаҳкам намудани муносибатҳои дӯстона, пайваста кӯшиш ба харҷ диҳем.                 Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.  

Июнь 24, 2009 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад