«РАВЗАНАИ ЯГОНА» БА РУШДИ СОҲИБКОРӢ МУСОИДАТ МЕКУНАД

Июнь 17, 2009 12:59

                 Душанбе, 17 июн. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).- 16 июн дар Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия дар мавзӯи «Бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ» семинар-машварат баргузор гардид. Дар он роҳбарияти Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва соҳибкорони шаҳру навоҳии мамлакат иштирок намуданд.                 Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати ҶТ Нусратулло Давлатов зикр кард, ки бо мақсади такмили низоми бақайдгирӣ ва ҷорӣ намудани шароити мусоид ба рушди соҳибкорӣ дар ҷумҳурӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ» аз 19 майи соли ҷорӣ қабул гардид, ки аз 1-уми июли ҳамин сол мавриди амал қарор хоҳад гирифт. Татбиқи қонуни мазкур ба он мусоидат менамояд, ки раванди бақайдгирии андозсупорандагон осон гардад. Татбиқи ин қарор ба зиммаи Кумитаи андоз вогузор гардидааст.                Кумитаи Андоз баҳри амалан татбиқ намудани қонуни мазкур мақомоти минтақавии андозро бо маводҳои лозима таъмин намуда, дар байни кормандони мақомот ва андозсупорандагон семинар машваратҳо баргузор менамояд.                Қобили қайд аст, ки вазифаи мазкур аз супориши Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо соҳибкорони ватанӣ дар санаи 25-уми декабри соли 2007, инчунин аз Паёми Ҷаноби Олӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бар меояд. Он ба дастгирии давлатии рушди соҳибкории ватанӣ ва ҷалби сармоягузорӣ равона шудааст.               Содда намудани бақайдгириии давлатӣ яке аз чорабиниҳои пешбининамудаи Стратегияи рушди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои то соли 2005 ва Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатиии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2007-2009 мебошад.Мавриди зикр аст, ки расмиёти бақайдгирӣ бо истифодаи шабакаҳои электронӣ, ки дастгоҳи марказии андозро ба ҳамаи мақомоти маҳаллии и тобеи он пайваст менамояд, амалӣ карда шуда, ташкили махзани маълумотро доир ба шахсони ҳуқуқию воқеӣ ба сифати субъектҳои хоҷагидории бақайдгирифташаванда, пешбинӣ менамояд. Бо ин мақсад ва бо ёрии амалии Ҷамъияти саҳҳомии «Тоҷиктелеком» корҳои техникӣ ба анҷом расонида шуда истодааст.                Н. Давлатов мӯътақид бар он аст, ки ҷорӣ намудани тартиби нави бақайдгирӣ барои беҳтар намудани муҳити соҳибкорӣ дар кишвар, бунёди фазои ҷолиби сармоягузорӣ ва рушди тамоми унсурҳои иқтисодиёти бозоргонӣ заминаи мустаҳакам фароҳам меоварад. 

Июнь 17, 2009 12:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад