САФАРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД

Июнь 24, 2009 09:43

              Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баҳри иштирок дар тантанаҳои ҷумҳуриявии идона бахшида ба рӯзи Ваҳдати миллӣ ва ҳамчунин шиносоӣ бо вазъи иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангии вилояти Суғд ба шаҳри Хуҷанд сафар кард.              Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар чаҳорчӯби барномаи сафараш то рӯзи 27 — уми июн аз як қатор шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дидан карда, шумораи зиёди иншооти иҷтимоию фарҳангӣ, энергетикию саноатӣ ва нақлиётию коммуникатсиониро, ки бунёдашон дар арафаи иди умумимиллии сулҳу ваҳдат анҷом ёфтааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор медиҳад.              Дар фурӯдгоҳи шаҳри Хуҷанд Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмонро бо шукргузорӣ аз сиёсати ваҳдатоварӣ ва бунёдкорию созандагӣ бо шодию сурур ва дилхушиҳои аҳли ҷамоа истиқбол гирифтанд.                Ифтитоҳи пули азими 427 — метра, ки дар чаҳорчӯби лоиҳаи азнавсозии роҳи мошингарди Душанбе-Хуҷанд-Чанок бунёд ёфтааст, аз тантанаҳои нахустини идона дар арафаи рӯзи Ваҳдати миллӣ гашт.              Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон лентаи рамзиро бурида, ин пули азимро расман мавриди баҳрабардорӣ қарор дод ва таъкид намуд, ки Тоҷикистон бо сохтмон ва азнавсозии роҳу пулҳо ва тунелҳо, ки дар тамоми гӯшаю канорӣ мамлакат бо суръат ва сифати баланд идома дорад, рӯз ба рӯз ба марраи раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ наздик мешавад.Хотиррасон бояд намуд, ки сохтмони ин пул дар болои дарёи Сир аз ҷониби Ширкати сохтмони ро? ва пул?ои ?ум?урии Мардумии Чин (Чайна Роуд) мо?и сентябри соли 2007 о?оз ёфта буд.              Бари умумии кӯпрук 10 метр ва ?исми мошингардаш — 8 метр буда, аз ду тараф ба андозаи 1 метрӣ роҳи пиёдагард дорад.               Пули мазкур яке аз 15 кӯпрук?оест, ки мутоби?и лои?аи та?диди ро?и автомобилгарди Душанбе-Чанок дар қитъаи №4 бо харҷи 14,7 млн. доллари амрикоӣ бунёд ёфтааст.               Иштироки Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмонро дар маросими ба истифода додани бинои нави Маркази вилоятии солимгардонии шараёну дил дар ша?ри Ху?анд ва сӯҳбатҳои дилнишинашро бо кормандони он метавон нишонаи таваҷҷӯҳ ва ғамхории доимӣ ба соҳаи тибби мамлакат арзёбӣ намуд.               Зимни шиносоӣ маълум гардид, ки ин бино аз ҷониби ?ММ «Бунёд» бо харҷи 2,3 млн. сомонӣ бунёд ёфтааст.                Дар чаҳорчуби ҳамин лоиҳа ҳамчунин 4 бинои пешинаи Маркази солимгардонии шараёну дил аз таъмири асос? бароварда шуда, шумораи умумии катҳои он ба 75 адад расонда шуд.               Зимни суханронӣ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин мужда расонд, ки ба наздикӣ дар шаҳри Хуҷанд бо харҷи 44 миллион сомонӣ сохтмони боз ду табобатхонаи нави муосир оғоз ёбад.               Худи ҳамин рӯз Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин дар маҳаллаи 8-уми шаҳри Хуҷанд дар маросими мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани бинои 9 — қабатаи истиқоматӣ иштирок карда, аз ҷараёни корҳои созандагӣ дар шаҳри Хуҷанд, муҳайё гаштани ҷойҳои корӣ ва соҳиби хона шудани 36 оилаи кормандони соҳаҳои буҷетӣ изҳори хушнудӣ намуд.                Зимни шиносоӣ таъкид гардид, ки бинои мазкур бо харҷи 7 млн. сомонӣ маблағҳои буҷетӣ бунёд ёфта, иборат аз 2 хонаи 2-ҳуҷрагӣ ва 34 хонаи 3-ҳуҷрагӣ аст.                Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин аз як зардолубоғи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дидан карда, аз ҳосили фаровони он ва рафти хушкнамоии зардолу изҳори хушнудӣ намуд.                 Зимни боздид зикр гардид, ки имсол дар ҳудуди вилоят 1700 гектар боғҳои нав бунёд ёфтааст. Қисмати зиёди онро зардолубоғ ташкил медиҳад. Иттилоъ дода шуд, ки айни ҳол барои васеъ намудани майдони зардолубоғҳои ҷумҳурӣ дар заминҳои 7 хоҷагии ниҳолпарварии ҷамъиятӣ наздики 700 ҳазор навниҳоли зардолу парвариш меёбад.               Сарвари даавлат Эмомалӣ Раҳмон зардолуро яке аз меваҳои асосии содиротии Тоҷикистон номида, дастур дод, ки майдони зардолубоғҳо дар тамоми минтақаҳои кишвар зиёд карда шавад.               Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.  

Июнь 24, 2009 09:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Дар 130 муассисаи таълимии ноҳияи Рӯдакӣ беш аз 10 ҳазор наврасон ба истироҳат фаро гирифта шудаанд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар Душанбе ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ таҳти унвони «Пешвои миллат — меъмори Ваҳдат» доир гардид
МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН: Дар Санкт –Петербург Созишнома оид ба ҳамкории оператор бо таҳиягари пешбари Русия — Ivideon имзо гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Конфронси илмӣ-адабии «Душанбе — корзори ваҳдатофарӣ ва боргоҳи Ваҳдати миллӣ» баргузор шуд
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 9 иншооти саноатӣ ба истифода дода мешавад
Дар Бохтар вобаста ба пешгирии ғарқшавии ноболиғону ҷавонон ҳангоми оббозӣ вохӯрии иттилоотӣ доир шуд
Модарони ваҳдатсаро дар ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ, Фирдавсӣ, Сино ва Шоҳмансури пойтахт бо сокинон вохӯрӣ мегузаронанд
АЗ БАРАКАТИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ. Дар ин муддат соҳаи саноат ва кӯҳкорӣ ба як бахши муҳими иқтисоди миллӣ табдил ёфт
«ХИЗМАТ БА ВАТАН ШАРАФ АСТ!». Дар ноҳияи Нуробод ҳамоиши хизматчиёни ҳарбӣ баргузор мешавад