«ТОҶИКСЕМЕНТ» АЗ ФАЪОЛИЯТ МОНД

Июнь 25, 2009 10:09

                Душанбе, 25 июн. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- фаъолияти Корхонаи воҳиди давлати «Тоҷиксемент» қатъ карда шуд.                 Боиси ёдоварист, ки фаъолияти корхонаи мазкур тавассути сӯзишвории газӣ ба роҳ монда шудааст. Бо қатъ шудани газ дар хатти интиқоли он аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон фаъолияти корхона боз дошта шуд ва беш аз 1000 нафар кормандон ба рухсатии бемузд фиристода шуданд,-мегӯяд ҷонишини раиси Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷиксемент» Фазилат Сафарова.                 Ба гуфти ҳамин сарчашма, солҳои қаблӣ корхона бо пешпардохт фаъолият мекард, ҳоло ҷиҳати паст будани ҳолати молиявии корхона, бо сабаби напардохтани маблағҳои қарзии корхонаҳои аз «Тоҷиксемент» қарздор, корхона наметавонад қарзҳои худро бо «Тоҷиктрансгаз» ҳисобӣ кунад.                  Имрӯз, ки маҳсулоти истеҳсолшудаи корхона барои иншоотҳои стратегии кишвар хеле зарур аст, бояд аз ҷониби Ҳукумати ҶумҳурииТоҷикистон дастгирӣ ёбад,-мегӯяд Фазилат Сафарова.                  «Тоҷиксемент» дар навбати худ, баробари дастрас кардани маблағҳои корхонаҳои қарздор, ҳам қарзи «Тоҷиктрансгаз» ва ҳам маблағи аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон ҷудошударо пардохт хоҳад кард.

Июнь 25, 2009 10:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд