«ТОҶИКСЕМЕНТ» АЗ ФАЪОЛИЯТ МОНД
Душанбе, 25 июн. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- фаъолияти Корхонаи воҳиди давлати «Тоҷиксемент» қатъ карда шуд. Боиси ёдоварист, ки фаъолияти корхонаи мазкур тавассути сӯзишвории газӣ ба роҳ монда шудааст. Бо қатъ шудани газ дар хатти интиқоли он аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон фаъолияти корхона боз дошта шуд ва беш аз 1000 нафар кормандон ба рухсатии бемузд фиристода шуданд,-мегӯяд ҷонишини раиси Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷиксемент» Фазилат Сафарова. Ба гуфти ҳамин сарчашма, солҳои қаблӣ корхона бо пешпардохт фаъолият мекард, ҳоло ҷиҳати паст будани ҳолати молиявии корхона, бо сабаби напардохтани маблағҳои қарзии корхонаҳои аз «Тоҷиксемент» қарздор, корхона наметавонад қарзҳои худро бо «Тоҷиктрансгаз» ҳисобӣ кунад. Имрӯз, ки маҳсулоти истеҳсолшудаи корхона барои иншоотҳои стратегии кишвар хеле зарур аст, бояд аз ҷониби Ҳукумати ҶумҳурииТоҷикистон дастгирӣ ёбад,-мегӯяд Фазилат Сафарова. «Тоҷиксемент» дар навбати худ, баробари дастрас кардани маблағҳои корхонаҳои қарздор, ҳам қарзи «Тоҷиктрансгаз» ва ҳам маблағи аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон ҷудошударо пардохт хоҳад кард.








15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






