ВОХӮРӢ БО САРБОЗОН
Тавилдара, 22-июн. (АМИТ Ховар, Мирзосафар Ризвонов).- Намояндагони Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон таҳти сарварии Носирҷон Буриев ва директори маркази ҷумхуриявии фарҳанги ҷавонон «Ориёно» Аҳмадҷон Ҷалилов дар якчоягӣ бо раиси созмони ҷавонони ноҳияи Тавилдара, Иброҳим Талбонов ба қисми низомии Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ рафта аз аҳвол ва зисти афсарон аз наздик шинос шуданд. Сипас намояндагони Кумита бо афсарон вохӯрда бобати ҷашнҳои дар пешистода, саҳми ҷавонон дар корҳои созандагиву бунёдкорӣ ҳифзи марзу буми кишвар, содиқ будан ба анъанаҳои миллӣ сухан гуфта ба онҳо хизмати аъло ва саломатӣ орзу намуданд. Сарбозон Ҳасан ва Ҳусейн, ки бародар мебошанд аз ноҳия Тавилдара, Шамсиддин Донаев аз ноҳияи Ҳисор, Вазир Исломов аз ноҳияи Рашт аз рафти хизмати сарбозии хеш дар назди ҳозирин сухан карданд. Баъди ин командири қисми низомӣ оид ба корҳои тарбиявӣ Маҳмадалӣ Шарифов сухан карда чунин гуфт: Дар қисми низомии мо садҳо нафар ҷавонон аз ноҳияҳои Ҷиргатол, Рашт, Тавилдара, Тоҷикобод ва вилоятҳои Хатлон ва Суғд хизмати Ватан-Модарро ба ҷо оварда истодаанд ва барои сарбозон тамоми шароитҳо фароҳам мебошад. Дар охир сардори раёсати ҷавонони кумита Н.Буриев аз номи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сарбозон тӯҳфаҳо аз қабили телевизори ранга, дивиди, китобҳои бадеӣ ва дигар тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Ҷамъи 11: МегаФон Тоҷикистон шабакаи идораҳои хизматрасонӣ ба муштариёнро васеъ менамояд
5-6 март дар Тоҷикистон борони бошиддат пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба роҳҳои пешгирии коррупсия, терроризм ва экстремизм ҳамоиш доир шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар ҳамоиш доир гардид
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Дар Душанбе масоили афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ баррасӣ шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Айнӣ қариб 3000 бех ниҳол шинонида шуд
ТАҶАЛЛИБАХШИ НИГИНИ ТОҶИ МИЛЛАТ. Андешаҳо дар мавриди арҷгузорӣ ба Зан-Модар






