ВОХӮРӢ БО САРБОЗОН

Июнь 23, 2009 15:18

                  Тавилдара, 22-июн. (АМИТ Ховар, Мирзосафар Ризвонов).- Намояндагони Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон таҳти сарварии Носирҷон Буриев ва директори маркази ҷумхуриявии фарҳанги ҷавонон «Ориёно» Аҳмадҷон Ҷалилов дар якчоягӣ бо раиси созмони ҷавонони ноҳияи Тавилдара, Иброҳим Талбонов ба қисми низомии Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ рафта аз аҳвол ва зисти афсарон аз наздик шинос шуданд.                   Сипас намояндагони Кумита бо афсарон вохӯрда бобати ҷашнҳои дар пешистода, саҳми ҷавонон дар корҳои созандагиву бунёдкорӣ ҳифзи марзу буми кишвар, содиқ будан ба анъанаҳои миллӣ сухан гуфта ба онҳо хизмати аъло ва саломатӣ орзу намуданд.                  Сарбозон Ҳасан ва Ҳусейн, ки бародар мебошанд аз ноҳия Тавилдара, Шамсиддин Донаев аз ноҳияи Ҳисор, Вазир Исломов аз ноҳияи Рашт аз рафти хизмати сарбозии хеш дар назди ҳозирин сухан карданд. Баъди ин командири қисми низомӣ оид ба корҳои тарбиявӣ Маҳмадалӣ Шарифов сухан карда чунин гуфт:                  Дар қисми низомии мо садҳо нафар ҷавонон аз ноҳияҳои Ҷиргатол, Рашт, Тавилдара, Тоҷикобод ва вилоятҳои Хатлон ва Суғд хизмати Ватан-Модарро ба ҷо оварда истодаанд ва барои сарбозон тамоми шароитҳо фароҳам мебошад.                  Дар охир сардори раёсати ҷавонони кумита Н.Буриев аз номи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сарбозон тӯҳфаҳо аз қабили телевизори ранга, дивиди, китобҳои бадеӣ ва дигар тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуд.

Июнь 23, 2009 15:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар