5 НАФАР БА ҲАЛОКАТ РАСИДАНД
Душанбе, 20 июл. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова). — Аз 10 то 20 июли соли равон дар ҳудуди шаҳри Душанбе 6 ҳодисаи роҳу нақлиёт ба қайд гирифта шудааст, ки дар натиҷа 5 нафар шаҳрвандон ба ҳалокат расида 10 нафари дигар дар ҳолатҳои гуногуни ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардоштанд. Тибқи иттилои сардори маркази матбуоти Бозрасии давлатии автомобилии шаҳри Душанбе (БДА) подполковник Шерафган Латифов, коршиносони БДА, яке аз сабабҳои асосии зиёдшавии ҳодисаҳои роҳу нақлиётро дар бепарвоии пиёдагардон ва бо сурати баланд рондани воситаҳои нақлиёт аз тарафи ронандагон мебошад. Бояд қайд намуд, ки ҳафтаи сипаригашта тақрибан соати 22 ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-180» рақами давлатиаш ВН 22 49 РТ 01 Сафаров Саидакобир истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат бо кӯчаи Айнӣ аз тарафи кӯчаи Мирзобек ба тарафи кӯчаи Зебуниссо дар рӯ ба рӯи қисми ҳарбии 5453 ВКД ҶТ бо автомашинаи «Опел — Астра» рақами давлатиаш ВС 1949 РТ 01, таҳти идораи Аминов Насриддин сокини қишлоқи Симиганҷ ноҳияи Ваҳдат бармехӯрад, ки дар натиҷа ҳар ду ронандаҳо, мусофирон Аминов Саидҷон ва Тоҷиддин ва Саидов Неъматҷон ба ҳалокат мерасанд. Мусофирон Бобоев Музаффар ва Қурбонова Матлуба ҷароҳати вазнин бардошта ба беморхона барои муолиҷа фиристода мешаванд.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






