5 НАФАР БА ҲАЛОКАТ РАСИДАНД

Июль 20, 2009 16:41

                     Душанбе, 20 июл. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова). — Аз 10 то 20 июли соли равон дар ҳудуди шаҳри Душанбе 6 ҳодисаи роҳу нақлиёт ба қайд гирифта шудааст, ки дар натиҷа 5 нафар шаҳрвандон ба ҳалокат расида 10 нафари дигар дар ҳолатҳои гуногуни ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардоштанд.                      Тибқи иттилои сардори маркази матбуоти Бозрасии давлатии автомобилии шаҳри Душанбе (БДА) подполковник Шерафган Латифов, коршиносони БДА, яке аз сабабҳои асосии зиёдшавии ҳодисаҳои роҳу нақлиётро дар бепарвоии пиёдагардон ва бо сурати баланд рондани воситаҳои нақлиёт аз тарафи ронандагон мебошад.                       Бояд қайд намуд, ки ҳафтаи сипаригашта тақрибан соати 22 ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-180» рақами давлатиаш ВН 22 49 РТ 01 Сафаров Саидакобир истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат бо кӯчаи Айнӣ аз тарафи кӯчаи Мирзобек ба тарафи кӯчаи Зебуниссо дар рӯ ба рӯи қисми ҳарбии 5453 ВКД ҶТ бо автомашинаи «Опел — Астра» рақами давлатиаш ВС 1949 РТ 01, таҳти идораи Аминов Насриддин сокини қишлоқи Симиганҷ ноҳияи Ваҳдат бармехӯрад, ки дар натиҷа ҳар ду ронандаҳо, мусофирон Аминов Саидҷон ва Тоҷиддин ва Саидов Неъматҷон ба ҳалокат мерасанд. Мусофирон Бобоев Музаффар ва Қурбонова Матлуба ҷароҳати вазнин бардошта ба беморхона барои муолиҷа фиристода мешаванд.  

Июль 20, 2009 16:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар