АМАЛИЁТИ НОТАРИАЛӢ ДАР КӮЛОБ
Кӯлоб, 4 июл. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов). — Бар асоси иттилои сардори идораи нотариалии шаҳри Кӯлоб Хушвақт Ашуров дар шаш моҳи соли ҷорӣ идораи нотариалӣ зиёда аз 3227 амалиётҳои нотариалӣ гузаронидааст, ки маблағи умумии он 95 ҳазору 125 сомониро дар бар гирифта ба буҷаи давлат пардохт гардидааст. Ба гуфтаи Ашуров, дар амалиётҳои зикргардида 2583 адад бланкаҳои махсус сарф шуд, ки маблағи 14 ҳазору 206 сомониро ташкил дода ба суратҳисоби Вазорати адлияи Ҷумҳурӣ ворид шудааст. Мавриди зикр аст, ки идораи нотариалӣ то ин давра маблағи 12 ҳазору 428 сомонӣ ҳаққи хизматрасонии нотариалиро пардохт намудааст. Гуфта мешавад аз 13 намуди амалиёти нотариалӣ шаҳрвандон бештар ба ваколатномаи ронандагӣ мароқ зоҳир менамоянд.








Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ






