БАРРАСИИ МАСЪАЛАИ ТАЪМИНИ БЕХАТАРИИ ПАРВОЗИ ҲАВОПАЙМОҲО
Минск, 23 июл. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). — Рӯзҳои 23 ва 24 июл дар пойтахти Белоруссия — Минск маҷлиси гурӯҳи коршиносони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бахшида ба такмилу таҳрир ва мувофиқа намудани лоиҳаи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи таҳқиқу тафтиши фалокатҳои ҳавоӣ дар қаламрави мамлакатҳои ИДМ баргузор мегардад. Лоиҳаи созишнома муқаррар намудани муносибати ягонаро дар масъалаи ташкили ҷараёни таҳқиқ ва тафтиши фалокатҳои ҳавопаймоҳои як давлати ИДМ дар қаламрави давлати дигарро пешбинӣ менамояд. Мамлакатҳои ИДМ барои ин баъди эътибори қонунӣ пайдо намудани созишнома дар давоми се моҳ муассисаи ваколатдори таъмини амнияти парвози ҳавопаймоҳоро муайян хоҳанд кард. Тафтиши фалокатҳои ҳавоӣ, муайян кардани дараҷаи онҳо, ба ҳисоб гирифтан ва назорати фаъолияти кормандони соҳа дар бобати таъмини бехатарии парвозҳо ба зиммаи муассисаи мазкур гузошта мешавад.Қайд кардан лозим аст, ки тафтиши фалокатҳои ҳавопаймоҳо танҳо бо мақсади муқаррар намудани сабаби рух додани онҳо ва додани тавсияҳо дар бораи натиҷаҳои он гузаронида мешавад. Дар ин маврид ҳар гуна мурофиаи судӣ ё тафтишоти маъмурӣ барои муайян намудани гуноҳ ё масъулияти ин ё он мамлакат ё нафари масъул ба таври алоҳида гузаронида хоҳад шуд. Тарҷумон — Қудратов А.








Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид
ОҒОЗИ МАВСИМИ НИҲОЛШИНОНӢ. Дар вилояти Хатлон 600 ҳазор бех дарахти ороишию сояафкан шинонида мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Бахшида ба 31-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Москва ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025» натиҷагирӣ карда шуд






