БАРРАСИИ МАСЪАЛАИ ТАЪМИНИ БЕХАТАРИИ ПАРВОЗИ ҲАВОПАЙМОҲО

Июль 23, 2009 11:00

                    Минск, 23 июл. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). — Рӯзҳои 23 ва 24 июл дар пойтахти Белоруссия — Минск маҷлиси гурӯҳи коршиносони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бахшида ба такмилу таҳрир ва мувофиқа намудани лоиҳаи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи таҳқиқу тафтиши фалокатҳои ҳавоӣ дар қаламрави мамлакатҳои ИДМ баргузор мегардад.                     Лоиҳаи созишнома муқаррар намудани муносибати ягонаро дар масъалаи ташкили ҷараёни таҳқиқ ва тафтиши фалокатҳои ҳавопаймоҳои як давлати ИДМ дар қаламрави давлати дигарро пешбинӣ менамояд. Мамлакатҳои ИДМ барои ин баъди эътибори қонунӣ пайдо намудани созишнома дар давоми се моҳ муассисаи ваколатдори таъмини амнияти парвози ҳавопаймоҳоро муайян хоҳанд кард. Тафтиши фалокатҳои ҳавоӣ, муайян кардани дараҷаи онҳо, ба ҳисоб гирифтан ва назорати фаъолияти кормандони соҳа дар бобати таъмини бехатарии парвозҳо ба зиммаи муассисаи мазкур гузошта мешавад.Қайд кардан лозим аст, ки тафтиши фалокатҳои ҳавопаймоҳо танҳо бо мақсади муқаррар намудани сабаби рух додани онҳо ва додани тавсияҳо дар бораи натиҷаҳои он гузаронида мешавад. Дар ин маврид ҳар гуна мурофиаи судӣ ё тафтишоти маъмурӣ барои муайян намудани гуноҳ ё масъулияти ин ё он мамлакат ё нафари масъул ба таври алоҳида гузаронида хоҳад шуд. Тарҷумон — Қудратов А. 

Июль 23, 2009 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон рӯзона борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар шаҳри Бӯстон доир ба татбиқи лоиҳаҳои муштараки иҷтимоӣ бо соҳибкорон вохӯрӣ баргузор шуд
Дар даҳсолаи охир дар ҷаҳон шумораи одамони бо гуруснагии фалокатбор рӯбарӯ нуҳ маротиба афзоиш ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 29 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Озмуни ҷумҳуриявии «Ҷавонон муқобили коррупсия» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе маркази муосири телефонҳои мобилӣ ва фурӯши чиптаҳои ҳавопаймоии «Real Phone» ифтитоҳ гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Мусобиқаи кӯдаконаи «МегаФон Life дар сабки футбол»: мавсими 2026 дар марҳилаи оғозёбӣ қарор дорад!
ХУДШИНОСӢ ВА ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ — ОМИЛИ КАЛИДИИ ҲИФЗИ ИСТИҚЛОЛ ВА ВАҲДАТИ МИЛЛӢ. Андешаҳо дар мавриди пойдории ҳуқуқии давлат дар таълимоти Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад