БОЗГАШТИ 10 ҲАЗОР МУҲОҶИР ДАР НАЗАР АСТ
Душанбе, 6 июл. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Аз рӯи маълумоти расмӣ дар бозори Черкизи шаҳри Москва беш аз 10 ҳазор муҳоҷирони меҳнатӣ ба кор фаро гирифта шудаанд, ки як қисми онҳо дар қайд нестад. Бо қарори маъмурияти округи шарқии пойтахти ФР фаъолияти бозори Черкизи шаҳри Москва бо сабаби даҳҳо қоидавайронкуниҳо баста шуд. Дар ин бозор қисми зиёди коргаронро аробакашҳо ва фурӯшандаю ёрдамчиёни кирокардашуда ташкил медиҳанд. Шумораи ингуна коргарон аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 10 ҳазор нафар мерасад. Кушодани бозор дар наздиктарин вақт пешбинӣ нашудааст. Пайдо кардани кори дилхоҳ барои коргарони аз кор маҳрумгашта дар муддати ду-се моҳи оянда номумкин аст. Бинобар ин муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистонро ҷузъ бозгашт ба ватан роҳи дигаре нест. Аз ин рӯ мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру навоҳии ҷумҳуриро зарур аст, ки барои ин миқдор муҳоҷир ҷойҳои нави кориро омода созанд.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






