БОЗГАШТИ 10 ҲАЗОР МУҲОҶИР ДАР НАЗАР АСТ

Июль 6, 2009 14:23

              Душанбе, 6 июл. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Аз рӯи маълумоти расмӣ дар бозори Черкизи шаҳри Москва беш аз 10 ҳазор муҳоҷирони меҳнатӣ ба кор фаро гирифта шудаанд, ки як қисми онҳо дар қайд нестад.              Бо қарори маъмурияти округи шарқии пойтахти ФР фаъолияти бозори Черкизи шаҳри Москва бо сабаби даҳҳо қоидавайронкуниҳо баста шуд. Дар ин бозор қисми зиёди коргаронро аробакашҳо ва фурӯшандаю ёрдамчиёни кирокардашуда ташкил медиҳанд. Шумораи ингуна коргарон аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 10 ҳазор нафар мерасад. Кушодани бозор дар наздиктарин вақт пешбинӣ нашудааст. Пайдо кардани кори дилхоҳ барои коргарони аз кор маҳрумгашта дар муддати ду-се моҳи оянда номумкин аст. Бинобар ин муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистонро ҷузъ бозгашт ба ватан роҳи дигаре нест. Аз ин рӯ мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру навоҳии ҷумҳуриро зарур аст, ки барои ин миқдор муҳоҷир ҷойҳои нави кориро омода созанд.  

Июль 6, 2009 14:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад