CОЛИ ҶОРӢ 151 ҲОЛАТҲОИ ФАВҚУЛОДДА РӮХ ДОД
Душанбе, 14 июл. (АМИТ «Ховар», Анварбек Сиддиқов).- «Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ мувофиқи маълумоти пешакӣ 151 ҳолатҳои фавқулоддаи дорои хусусияти табиӣ ба амал омадааст. Дар натиҷаи ин ҳодисаҳо 39 шаҳрванди ҷумҳурӣ ба ҳалок расиданд»,- гуфт раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳайбулло Латипов дар нишасти матбуотие, ки 14 июл дар шаҳри Душанбе шуда гузашт. Инчунин, Ҳайбулло Латипов қайд кард, ки бар асари офатҳои табиӣ дар ҷумҳурӣ 2471 хона ба маблағи 2264,5 ҳазор сомонӣ зарар дидааст, ки аз онҳо 496 ададаш пурра хароб гашт. Дар давраи ҳисоботӣ маблағи зарари аз офатҳои табиӣ ба иқтисодиёти ҷумҳурӣ расида зиёда 92 миллиону 451 ҳазору 700 сомониро ташкил дод, ки ин нисбати соли гузашта 13 миллиону 691 ҳазору 700 сомонӣ зиёд аст. Ҳайати шахсии Кумита ба корҳои ободонӣ, барқарорсозии обектҳои аҳамияти ҷумҳуриявӣ дошта сафарбар карда шудаанд. Аз ҷумла, баҳри бартараф намудани садамаи истеҳсолии Нерӯгоҳи барқи обии Қайроққум, корҳои ободонӣ дар «Қасри миллат», кашонидани кӯмакҳои башардӯстона, иштирок дар машқи мукаммали мудофиаи гражданӣ ва тоза кардани селпартовҳои деҳаҳои Садоқат ва Шарафи ҷамоати деҳоти Зайнабободи ноҳияи Рӯдакӣ фаъол буданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






