ДАР МИНТАҚАИ КӮЛОБ ҲОДИСАҲОИ СӮХТОР МЕАФЗОЯД
Кӯлоб, 6 июл. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов). — Дар давоми шаш моҳи соли ҷорӣ дар минтақаи Кӯлоб 30 ҳодиссаи сӯхтор ба қайд гирифта шудааст, ки зарари умумии он 120 ҳазору 41 сомониро ташкил медиҳад. Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» сардори шӯъбаи оташнишонии минтақа, полковники хизмати дохила Назримад Аюбов иттилоъ дод. Ба иттилои манбаъ дар ин муддат 12 ҳодиса дар шаҳри Кӯлоб, 7 ҳодиса дар ноҳияи Восеъ, 2 ҳодиса дар ноҳияи Ҳамадонӣ, 4 ҳодиса дар ноҳияи Фархор, 3 ҳодиса дар ноҳияи Мӯъминобод ва 2 ҳодиса дар ноҳияи Ховалинг ба қайд гирифта шудааст, ки ин нисбати ҳамин давраи соли гузашта 2 адад зиёд аст. Мавриди зикр аст, ки кормандони Хадамоти оташнишонӣ дар минтақаи Кӯлоб дар давоми 6 моҳи соли равон 749 ҳодисаи сӯхторрро пешгирӣ карда, ба маблағи 1 миллиону 145 ҳазор сомонӣ молу мулкро наҷот додаанд.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






