ДОНИШҶЎЁНИ ТОҶИК ДАР ЭРОН ТАҲСИЛ МЕКУНАНД

Июль 10, 2009 15:38

                   Душанбе, 10 июл. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина).- 9 июл дар Донишкадаи давлатии забонҳои ба номи С. Улуғзода мулоқоти намояндагони 5 мактаби олии забономӯзии Эрон, Вазорати илм, таҳқиқот ва технологияи Ҷумҳурии Исломии Эрон бо донишҷӯёну омӯзгорони донишкадаи мазкур баргузор гардид. Намояндагони мактабҳои олии Эрону Тоҷикистон ба ҳамдигар дар бораи дастовардҳояшон нақл карданд. Зимни мулоқот масъалаҳои омӯхтани таҷрибаи мусбати ҳамдигар дар соҳаи таълим, ба мактабҳои олии Эрон барои таҳсил фиристодани донишҷӯёни тоҷик ва мубодилаи таҷрибаи пешқадами ҳамдигар баррасӣ карда шуданд. Меҳмонони эронӣ ба китобхонаи донишкада теъдоди зиёди адабиёти гуногунро тӯҳфа карданд.                  Донишҷӯёни тоҷик низ ба меҳмонон тӯҳфаҳо пешкаш намуданд. Ба роҳбари ҳайати мактабҳои олии Эрон ректори Донишгоҳи забономӯзии Теҳрон Маҳбуба Мубашширӣ унвони профессори ифтихории донишкада дода шуд. Дар фарҷоми мулоқот созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид. Дар маросими имзои созишнома ректори Донишкадаи давлатии забонҳо Марҳабо Ҷабборова ва академики Академияи илмҳои ҶТ Камол Айнӣ иштирок доштанд.                                                                                                            Тарҷумаи Зебо Иноятова  

Июль 10, 2009 15:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид
ОҒОЗИ МАВСИМИ НИҲОЛШИНОНӢ. Дар вилояти Хатлон 600 ҳазор бех дарахти ороишию сояафкан шинонида мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Бахшида ба 31-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Москва ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025» натиҷагирӣ карда шуд