ДОНИШҶЎЁНИ ТОҶИК ДАР ЭРОН ТАҲСИЛ МЕКУНАНД
Душанбе, 10 июл. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина).- 9 июл дар Донишкадаи давлатии забонҳои ба номи С. Улуғзода мулоқоти намояндагони 5 мактаби олии забономӯзии Эрон, Вазорати илм, таҳқиқот ва технологияи Ҷумҳурии Исломии Эрон бо донишҷӯёну омӯзгорони донишкадаи мазкур баргузор гардид. Намояндагони мактабҳои олии Эрону Тоҷикистон ба ҳамдигар дар бораи дастовардҳояшон нақл карданд. Зимни мулоқот масъалаҳои омӯхтани таҷрибаи мусбати ҳамдигар дар соҳаи таълим, ба мактабҳои олии Эрон барои таҳсил фиристодани донишҷӯёни тоҷик ва мубодилаи таҷрибаи пешқадами ҳамдигар баррасӣ карда шуданд. Меҳмонони эронӣ ба китобхонаи донишкада теъдоди зиёди адабиёти гуногунро тӯҳфа карданд. Донишҷӯёни тоҷик низ ба меҳмонон тӯҳфаҳо пешкаш намуданд. Ба роҳбари ҳайати мактабҳои олии Эрон ректори Донишгоҳи забономӯзии Теҳрон Маҳбуба Мубашширӣ унвони профессори ифтихории донишкада дода шуд. Дар фарҷоми мулоқот созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид. Дар маросими имзои созишнома ректори Донишкадаи давлатии забонҳо Марҳабо Ҷабборова ва академики Академияи илмҳои ҶТ Камол Айнӣ иштирок доштанд. Тарҷумаи Зебо Иноятова








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






