ФАЪОЛОНИ «ҶАМЪИЯТИ ТАБЛИҒ» СУД МЕШАВАНД
Душанбе, 24 июл. (АМИТ «Ховар», Анварбек Сиддиқов).- Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноиро нисбати шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон МуродовН.Н., Ҳақдодов С.Ҳ., Алимов Ҳ.М., Ҳақдодов З.Қ., инчунин шаҳрванди Федерасияи Россия Маҳмадхоҷаев М.М. дар содир кардани ҷиноят дар моддаи 307 (Ташкили фаъолияти ташкилоти экстремистӣ ва иштирок дар ташкили фаъолияти ташкилоти экстремистӣ (ифротгароӣ)) Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда, ки раёсати тафтишотии Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ ба охир расонидааст, ба суд ирсол намуд. Тавре аз Прокуратураи генералии ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, тафтишот муайян кард, ки шаҳрванди Тоҷикистон Муродов Н.Н. соли 2005 ва шаҳрванди Федерасияи Россия Маҳмадхоҷаев М.М., соли 1997 бо мақсади омухтани усулҳои таблиғоти динӣ ба маркази «Ҷамъияти Таблиғ», воқеъ дар шаҳри Саровони вилояти Зоҳидони Ҷумҳурии Исломии Эрон ва шаҳри Райванди Ҷумҳурии Исломии Покистон рафта, дониши худро дар бораи ташкил ва фаъолияти ҷамъияти қайдшуда сайқал доданд. Бо мақсади пурзӯр намудан ва пайдо намудани ҷонибдорони «Ҷамъияти Таблиғ», Муродов Н.Н. ва Маҳмадхоҷаев М.М. давоми солҳои 2005-2009 дар қаламрави шаҳри Саровони Ҷумҳурии Исломии Эрон, шаҳри Саратови Федератсияи Расия ва ноҳияҳои Ваҳдат, Рӯдакӣ, Файзобод, Рашт, шаҳри Кӯлоб ва ноҳияи Қумсангири вилояти Хатлон якчанд маротиба гурӯҳҳои «Ҷамъияти Таблиғ»-ро, ки 30 марти 2006 аз ҷониби Суди Олии ҶТ фаъолияти он бинобар ба амал баровардани фаъолияти террорестӣ ва экстремистӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шудааст, ташкил намуда одамонро барои ба сафҳои он шомил шудан даъват мекарданд. Аз ҷумла, 31 марти соли 2009 дар машварати навбатии «Ҷамъияти Таблиғ» дар масҷиди воқеъ дар гузаргоҳи чоруми кӯчаи Айни шаҳри Душанбе, номбурдагон иштирок намуда, бо пешниҳоди амири ҳафтаина Исоев Х.Ш. бо тахаллуси «Билол» дар якҷоягӣ «Ҷамъияти Таблиғ»-ро дар ҳайати шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳақдодов С.Ҳ., Алимов Ҳ.М. ва Ҳақдодов З.Қ. ташкил намуда, Муродов Н.Н. ҳамчун амири ин ҷамъият таъин карда , ҷои гузаронидани таблиғотро ноҳияи Файзобод муқаррар намуданд.Баҳри амалӣ намудани мақсадҳои ҷиноятпешаи худ, дар асоси маслиҳати пешакӣ Муродов Н.Н., Ҳақдодов С.Ҳ., Алимов Ҳ.М., Ҳақдодов З.Қ. рӯзи 2 апрели соли 2009 дар километри 9-уми шоҳроҳи Душанбе- Ваҳдат вохӯрда, тавассути автомашинаи мусофиркаши тамғаи «Газел» ба ноҳияи Файзобод рафтанд. Дар терминали ноҳияи Файзобод номбурдашудагон аз ҷониби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар натиҷаи амалиёти махсус дастгир карда шуданд.