КЎМАКИ ХАЙРИЯИ РУСИЯ БА ТОҶИКИСТОН
Душанбе, 6 июл. (АМИТ «Ховар», Наталя Михайлова).- Аз Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки рӯзҳои наздик аз Русия ба Тоҷикистон 149 вагон — 9552 тонна орди гандум ҳамчун кӯмаки хайрия фиристода хоҳад шуд. Кӯмаки хайрия баъдан дар байни зарардидагони боришҳои тӯлонии фасли баҳори соли равон дар минтақаҳои гуногуни мамлакат тақсим карда мешавад. Тавре, ки маълум аст Ҳукумати Тоҷикистон фасли баҳори соли равон аз СММ, созмонҳои дигари байналхалқӣ ва мамлакатҳои ҷаҳон хоҳиш карда буд, ки барои рафъи оқибатҳои фалокати табиӣ ва беҳтар сохтани шароити зиндагии зарардидагон кӯмаки таъҷилӣ расонанд. Аз рӯи ҳисобҳо, маблағи умумии зарари фалокатҳои табиӣ дар мамлакат аз 100 миллион доллари ИМА зиёд мебошад. Фасли баҳори имсол дар натиҷаи боришҳои шадид, омадани сел, обхезӣ ва фуромадани тарма 200 хонаи истиқоматӣ, миқдори зиёди корхонаю муассисаҳо аз ҷумла мактабҳо ва шифохонаҳо пурра валангор гардиданд. Зиёда аз 10 ҳазор нафар бе сарпаноҳ монд. Инчунин 160 километр роҳи мошингард, 40 кӯпрук, хатҳои интиқоли барқ ва истгоҳҳои насосию трансформаторӣ пурра хароб гардиданд.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






