ЛОИҲАИ НАВИ ҚОНУН ДАР БОРАИ ЗАБОН
Душанбе, 20 июл.(АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаи нави Қонун «Дар бораи забони давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро ба имзо расонида барои баррасӣ ба парлумони ҷумҳурӣ ва вазорату идораҳои дахлдор ирсол намуд. Лоиҳаи қонун аз 17 боб ва 28 модда иборат аст. Мувофиқи моддаи 13 ва 20-и лоиҳаи қонуни мазкур, минбаъд тамоми эълону реклама, бланкаю нархномаҳо плакатҳо ва дигар хабарҳои мавриди назар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба забони давлатӣ (тоҷикӣ) баён карда мешаванд. Ҳамчунин гуфтушунид, мукотиба бо консулҳои дипломатӣ ва идораҳои консулгарӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ, байнидавлатӣ ва минтақавӣ, ки дар ҳудуди Тоҷикистон кору фаъолият мебаранд ба забони давлатӣ ва забони расмии ин ташкилот амалӣ гардонида мешавад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






