ЛОИҲАИ ПЕШГИРИИ ВНМО (СПИД) МИЁНИ ҶАВОНОН ЯК СОЛИ ДИГАР ТАМДИД ШУД
Душанбе, 21 июл. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова). — Дар ҳамкорӣ бо ташкилотҳои байналмилалӣ ва вазорату идораҳои дахлдор Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонистааст, ки дар самти татбиқи «Барномаи рушди саломатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2006-2010» натиҷаҳои назаррасро ноил гардад. Тавре аз Кумитаи мазкур иттилоъ доданд, бо мақсади пешгирии бемориҳои махсусан хавфнок миёни ҷавонони деҳот Кумита дар асоси Созишномаи ҳамкорӣ бо Хазинаи глобалӣ оид ба муборизаи зидди ВИЧ/СПИД ва бемории вараҷа дар Тоҷикистон, аз 25 июни соли 2008 Лоиҳаи «Пешгирии вируси норасоии масунияти одам миёни ҷавонони деҳот»-ро давоми солҳои 2008-2009 амалӣ гардонидааст. Дар доираи ин Лоиҳа 50 ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҳамчун минтақаҳои таҷрибавӣ интихоб гардида беш аз ҳазор нафар ихтиёриён аз ҳисоби ҷавонони фаъол омода гардидаанд. Лоиҳаи мазкур аз шаш соҳаҳои афзалиятнок иборат буда дар татбиқи онҳо ба дастовардҳои муайян ноил гардидааст. Ба ҳисоби умумӣ дар доираи Лоиҳа 475384 нафар наврасон ва ҷавонон бо иттилооти таблиғотӣ дар бахши тарзи ҳаёти солим ва омилҳои номатлуби иҷтимоӣ аз қабили хариду фурўши инсон, худкушӣ, ҷинояткорӣ ва муҳоҷират меҳнатӣ фаро гирифта шуданд. Лоиҳаи мазкур дар ин давра дар ҳаҷми 1338271 сомонӣ бо дастгирии Хазинаи глобалӣ маблағгузорӣ гардидааст. Бо дарназардошти муваффақиятҳои боло ва муҳими проблема Лоиҳаи пешгирии ВНМО миёни ҷавонони деҳот боз барои як соли оянда аз 1 июли соли 2009 то 30 июни соли 2010 тамдид ёфт.








Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






