МУЛОҚОТИ ВАЗИР БО ЁВАРИ КОТИБИ ДАВЛАТИИ ИМА
Душанбе, 6 июл. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров).- Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ имрӯз бо ёвари котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар масъалаҳои Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ Роберт Блейк мулоқот кард, ки барои боздиди корӣ ба Душанбе омадааст. Зимни сӯҳбат маҷмӯи масъалаҳои марбут ба муносибатҳои дуҷониба ва проблемаҳои минтақавии мавриди назари тарафайн баррасӣ шуданд. Дар ҷараёни сӯҳбат зикр шуд, ки муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Амрико хусусияти дӯстона ва амалӣ доранд. Дипломати амрикоӣ нақши муҳими Тоҷикистонро дар бобати истиқрори сулҳу субот дар Афғонистон таъкид намуд. Вай зарурати вусъат додани ҳамкориро дар байни ҳар ду кишвар зикр намуд. Мусоҳибон барномаҳои сохтмони нерӯгоҳҳои барқӣ дар Тоҷикистон ва кашидани хатҳои нави интиқоли барқро аз Тоҷикистон ба мамлакатҳои дигари минтақа ҷонибдорӣ карданд. Роберт Блейк дар фарҷоми сӯҳбат аз номи Котиби давлатии ИМА вазири корҳои хориҷии Тоҷикистонро даъват намуд, ки ба Вашингтон ташриф орад.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






