МУЛОҚОТИ ВАЗИР БО ЁВАРИ КОТИБИ ДАВЛАТИИ ИМА

Июль 6, 2009 15:30

                    Душанбе, 6 июл. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров).- Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ имрӯз бо ёвари котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар масъалаҳои Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ Роберт Блейк мулоқот кард, ки барои боздиди корӣ ба Душанбе омадааст. Зимни сӯҳбат маҷмӯи масъалаҳои марбут ба муносибатҳои дуҷониба ва проблемаҳои минтақавии мавриди назари тарафайн баррасӣ шуданд. Дар ҷараёни сӯҳбат зикр шуд, ки муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Амрико хусусияти дӯстона ва амалӣ доранд.                 Дипломати амрикоӣ нақши муҳими Тоҷикистонро дар бобати истиқрори сулҳу субот дар Афғонистон таъкид намуд. Вай зарурати вусъат додани ҳамкориро дар байни ҳар ду кишвар зикр намуд. Мусоҳибон барномаҳои сохтмони нерӯгоҳҳои барқӣ дар Тоҷикистон ва кашидани хатҳои нави интиқоли барқро аз Тоҷикистон ба мамлакатҳои дигари минтақа ҷонибдорӣ карданд.                 Роберт Блейк дар фарҷоми сӯҳбат аз номи Котиби давлатии ИМА вазири корҳои хориҷии Тоҷикистонро даъват намуд, ки ба Вашингтон ташриф орад.

Июль 6, 2009 15:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар