НАҚШАИ АНДОЗИ ИҶТИМОӢ 101,0 % ИҶРО ГАРДИДА
Душанбе, 22 июл. (АМИТ «Ховар», Фарангис Рахимова). — Нақшаи андози иҷтимоӣ дар шаш моҳи авали соли ҷорӣ аз ҳисоби ташкилотҳои ғайрибуҷетӣ дар ҳаҷми 101,0 % иҷро гардида, ба ҷойи 215,5 миллион сомонии пешбинишуда 217,7 миллион сомонӣ маблағ ворид карда шуд, ки он аз нақша 2,2 миллион сомонӣ бештар мебошад ва нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 65,5 миллион сомонӣ зиёд аст, гуфт имрӯз 22 июл дар Душанбе зимни нишасти матбуотӣ раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати ҶТ Нусратулло Давлатов. Ба гуфтаи ӯ нақшаи воридоти андозҳо ва пардохтҳо дар нимсолаи аввали соли 2009 дар 19 мақомоти ҳудудии андоз таъмин карда нашуд, аз ҷумла дар вилояти Хатлон нозиротҳои андози ноҳияҳои Бохтар (93,6%), Вахш (98,6), Ҷалолиддини Румӣ (71,1), Хуросон (94,8), Ҷиликул (84,1), Қубодиён (87,0), Абдураҳмони Ҷомӣ (93,4), Панҷ (74,8), Шаҳритуз (85,5), Сарбанд (97,1), Носири Хусрав (95,7), Восеъ (95,6), Қумсангир (89,5) ва Норак (94,6), дар вилояти Суғд шаҳри Панҷакент (94,1), ноҳияҳои Зафаробод (70,9), Мастчоҳ (85,4) ва Спитамен (99,0) аз шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ноҳияи Варзоб (95,5) фоиз иҷро гардидданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






