НИШАСТИ МАТБУОТӢ ДАР ҲУЗУРИ РАИСИ НОҲИЯИ РӮДАКӢ

Июль 21, 2009 10:35

                   Душанбе, 21 июл. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Рӯзи 20 -уми июли соли ҷорӣ раиси ноҳияи Рӯдакӣ Мансур Қодиров барои хабарнигорони дохилӣ аз натиҷаи фаъолияти нимсолаи якуми соҳаҳои хоҷагию давлатии ноҳия нишасти матбуотӣ доир намуд.                 Дар ибтидо раиси ноҳия хабарнигоронро аз бурду бохти соҳаҳои хоҷагию саноатии ноҳия ошно намуд. Мансур Қодиров дар баромади худ иброз дошт, ки истеҳсоли маҳсулоти дохилӣ ба 1-уми июли соли 2009 ба 67, 5 млн. сомонӣ расонида шудааст.                 Нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллӣ 15 млн. 966 ҳазор сомонӣ тасдиқ шуда 16 млн. 731 ҳазор сомонӣ ё 104 ,8 фоиз иҷро гардид.                 Воридоти маблағ ба буҷети маҳаллӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4 млн. 708 ҳазор сомонӣ зиёд аст. Дар ин давра қисми хароҷоти буҷети ноҳия 17 млн. 405 млн. сомонӣ пешбинӣ шуда, ба андозаи 16 млн. 725 ҳазор сомонӣ ё ин ки 96 фоиз иҷро гардидааст.                   Даромади иловагии буҷети ноҳия ба 1-уми июли соли ҷорӣ 704,4 ҳазор сомониро ташкил дод, ки 50 фоизи он ба соҳаи маориф, 5,2 фоиз ба соҳаи тандурустӣ ва 38 фоизи он ба сектори ҳокимияти давлатӣ равона карда шудааст,- афзуд раис дар баромади худ.

Июль 21, 2009 10:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ