ОШЎБҲО ДАР УРУМЧӢ
Пекин, 6 июл. (АМИТ «Ховар»-РИА Новости).- Бегоҳии рӯзи якшанбеи гузашта дар маркази маъмурии Ноҳияи Мухтори Шинҷону Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин бетартибиҳои оммавӣ рух доданд. Ошӯбгарон ба кӯчаҳо баромада, бо дастаҳои политсия задухӯрд карда, мағозаҳоро ғорат намуда, мошинҳои роҳгузарро оташ заданд. Дар натиҷаи ин бетартибиҳо 4 нафар ҳалок ва 20 нафар маҷрӯҳ шуд. Ошӯбгарон аз ҳалокати ду нафар уйғур зимни задухӯрд дар яке аз корхонаҳои бозичабарории вилояти Гуандун ба ғазаб омада, ба кӯчаҳо баромаданд. Ба қавли политсия, ташаббускори ин бетартибиҳо созмони ифротии «Анҷумани ҷаҳонии уйғурҳо» мебошад, ки ба он Робиаи Қодир роҳбарӣ мекунад. Р. Қодир аз соли 2005 инҷониб дар ИМА кору зиндагӣ менамояд. Қайд карда мешавад, ки дар Ноҳияи Мухтори Шинҷону Уйғур созмони ифротии «Туркистони шарқӣ» фаъолият дорад. Аъзои созмони мазкур барои ҷудо кардани ноҳия аз Чин ва дар он таъсис додани давлати исломӣ мубориза мебаранд.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






