ПРЕЗИДЕНТҲОИ АФҒОНИСОН, ПОКИСТОН ВА РУСИЯ БА ДУШАНБЕ МЕОЯНД

Июль 20, 2009 15:15

                  Душанбе, 20 июл.(АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба иттилои сардори департаменти иттилоотии Вазорати корҳои хориҷӣ Давлат Назриев, рӯзҳои наздик роҳбари давлати Покистон Осиф Алим Зардорӣ бо сафари расмӣ озими Тоҷикистон мегардад.                  Дар назар аст, ки дар рӯзҳои сафари расмии ӯ президенти Россия Дмитрий Медведов ва президенти Афғонистон Ҳомид Карзай низ бо сафари корӣ ба Тоҷикистон меоянд. Мақсад аз ташрифи роҳбарони давлатҳои фавқулзикр муҳокимаи пайвасти роҳи нақлиётӣ, алоқа ва хатти шабакаҳои барқии Тоҷикистону Қирғизистон ба Афғонистон ва Покистон мебошад.                  Дар ин дидор ҳамчунин масъалаи амалӣ сохтани Барномаи интиқоли барқи Осиёи Марказӣ ба Осиёи Ҷанубӣ ва таъсиси бозори фурӯши қувваи барқи Осиёи Марказӣ ба Осиёи Ҷанубӣ дар доираи Барномаи «CASA — 1000» мебошад.

Июль 20, 2009 15:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Душанбе бо мақсади муаррифии дастовардҳои Тоҷикистон дар самти эҳёи ёдгориҳои таърихӣ ҳамоиш доир шуд
Дар деҳаи Фатмеви ноҳияи Айнӣ муассисаи таълимӣ бунёд карда мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Барои сазовор таҷлил намудани ин ҷашни миллӣ машварати корӣ доир шуд
«Истиқлоли Тоҷикистон ва эҳёи пайвандҳои таърихию фарҳангии мардумони ориёитабор». Дар ин мавзуъ ҳамоиши илмӣ баргузор мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Бо иштироки кормандони вазорату идораҳо дар Душанбе ҳашари ободонӣ ва тозакорӣ баргузор шуд
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини ноҳияи Ҷайҳун дар замини наздиҳавлигияш киштро барои ҳосили дуюм оғоз намуд
Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон дар 14-умин Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Макао муаррифӣ мегарданд
Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ беш аз 80 фоиз иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Гурӯҳи кории минтақавӣ оид ба моликияти зеҳнӣ иштирок намуд
Вакилони парлумонҳои кишварҳои аъзои ИДМ тарҳи таҳрири нави қонуни намунавии «Дар бораи мақоми ваколатдори ҳуқуқи инсон»-ро тасдиқ намуданд
Дар Хуҷанд сеюмин Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – 2026 баргузор гардид